Ба гузориши “Порс-Тудей”, рӯзномаи “Едиот Аҳронот” навишт: Ин ҷангафзорҳову муҳиммот шомили 10 ҳазор ҷангафзор ва муҳиммоте аст, ки ирсоли он ба режими саҳюнистӣ дар давраи раёсати ҷумҳурии Байден мутаваққиф шуда буд.
“Едиот Аҳронот” эълом кард, ки интизор меравад ин мизон муҳиммот, захоири артиши режими саҳюнистиро, ки дар ҷанги 18 моҳа коҳиш ёфтааст, ҷуброн кунад.
Дар ҳамин ҳол, муовини дафтари иттилоърасонии ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман ба хабари ирсоли даҳҳо ҳазор ҷангафзори амрикоӣ барои режими саҳюнистӣ вокуниш нишон дод.
Насриддин Омир дар шабакаи иҷтимоии “X” навишт: Амрико эълом кардааст, ки маҳмулаи бузурге аз силоҳу бомбаро ба душмани исроилӣ таҳвил медиҳад, бо ин ҳол касоне ҳастанд, ки хоҳони халъи силоҳи муқовимат ҳастанд.
Вай афзуд: “Ин чӣ нифоқе аст, ки қурбониро халъи силоҳ мекунаду силоҳҳои бештареро ба қотил медиҳад?
Ҷангандаҳои амрикоӣ шомгоҳи душанбе бо анҷоми чанд навбат ҳамлаи ҳавоӣ, ҷазираи роҳбурдии Камарон дар ғарби устони Алҳудайдаи Яманро ҳадаф қарор доданд.
Ин ҳамалот дар идомаи силсилаамалиёти ҳавоии Амрико алайҳи мавозеи мухталиф дар Яман сурат гирифтааст.
Ҷазираи Камарон ба далели мавқеияти ҷуғрофиёии муҳими он дар дарёи Сурх, ҳамвора яке аз нуқоти ҳассосу роҳбурдӣ дар муодилоти низомии минтақаӣ маҳсуб мешавад.
Ин дар ҳолест, ки танишҳо дар соҳили ғарбии Яман дар ҳафтаҳои ахир ба таври чашмгире афзоиш ёфтааст.
Амрико дар ҳимоят аз режими саҳюнистӣ ва дар талош барои шикастани муҳосираи дарёии суратгирифта алайҳи ин режим тавассути Яман, ҳамалотеро ба ғайринизомиёни яманӣ анҷом медиҳад, ки то кунун даҳҳо шаҳиду захмӣ барҷой гузоштааст.
Бо вуҷуди ин ҳамалот, Неруҳои мусаллаҳи Яман ҳамчунон ба амалиёти пуштибонӣ аз муқовимату миллати Фаластин дар борикаи Ғазза идома медиҳанд ва бо анҷоми амалиёти мунҳасир ба фард, қалби сарзаминҳои ишғолӣ, киштиҳои муртабит бо режими саҳюнистӣ ва ҳатто новҳои амрикоиро дар дарёи Сурх ва уқёнуси Ҳинд ҳадаф қарор додаву чандин паҳподи пешрафтаи амрикоиро сарнагун кардаанд.
342/
Your Comment